AVIA APP – барнома барои иҷора гирифтани ҳавопаймои хусусӣ бо экипаж тариқи онлайн
Танҳо дар замимаи мо базаи калонтарини ҳавопаймоҳои шахсие, ки ҳар дақиқа омодаанд, ки ба хотири Шумо парвоз кунанд, ҷамъ карда шудааст.
Ширкати-авиаброкери пешбари аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) маҳсулоти таҳиягардидаи меҳамто – замимаи АВИА Чартер-ро ба таваҷҷӯҳи шумо пешниҳод менамояд. Замимаи мазкурро ворид намуда, шумо метавонед дар ҳар лаҳза ҳавопаймои шахсиро бидуни зарурияти алоқа бо менеҷер фармоиш кунед.
Иҷораи ҳавопаймои шахсӣ – байни шахсони соҳибкоре, ки ба рейсҳои индивидуалӣ дар ҳолати бароҳату ботамкин ниёз доранд, хизматрасонии дорои талаботи басанда мебошад. Ба замимаи АВИА Чартер муроҷиат карда, шумо метавонед намуди ҳавопайморо аз ҷиҳати дараҷаи арзишӣ ва сатҳи бароҳатӣ мустақилона интихоб намоед. Хатсайри заруриро дархост намуда, шумо ҳамаи ҳавопаймоҳоеро, ки дар самти мазкур ба парвоз омодаанд, назар карда, ба таври муфассал бо аксҳою тасвирҳояшон шинос мешавед ва интихоби дурустро мекунед.
Замимае, ки аз сомонаи AVIA APP ворид карда мешавад, кулли базаи ҷаҳонии ҳавопаймоиҳои шахсиро инъикос менамояд, аз ин лиҳоз шумо маҳз он тариқаеро интихоб мекунед, ки аз ҳама ҷиҳатҳо ба шумо муносибтар мебошад, ва аз он боварӣ кунед, ки ба шумо ҳавопаймои нисбатан гарон ё ин ки ғайрибароҳатӣ бор карда намешавад.
Ба хизмати шумо намудҳои муосиртарини истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus, Fokker, Saab, Cessna, Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва бисёри дигарон пешниҳод карда мешаванд. Комплектасияи канор ва нишондиҳандаҳои техникиро ҳатто тариқи як зери ангушт баҳогузорӣ ва муқоиса кардан имконпазир аст.