Бо мақсади ба ихтиёри худ фармоиш додани чархбол, Iphone-ро ба даст гиред ва замимаи қулай ва муосирро аз AVIAV TM (Cofrance SARL) кушоед. Сервис бо интерфейсе барои истифодабаранда қулай амалӣ гаштани орзуи дерини қанотдорро имконият медиҳад. Шояд, шумо кайҳо боз зеринро ба нақша гирифта будед:

 

  • гузаронидани саёҳати мушоҳидавӣ аз болои шаҳри модарӣ ё ҳар шаҳри дигар,
  • тамошо кардани ҷойҳои тааҷҷубовар ва гирду атрофи шаҳр аз баландии парвози парранда, ва соҳиби хотираҳои нав шудан;
  • гузаронидани вохӯрии тиҷоратӣ дар канори чархбол, бидуни талафоти ягон сония аз вақти кории хеш зимни трансфер аз фурудгоҳ,
  • ё ҳамту кардани аксҳои олиҷаноби селфи
  • ҳамаи инҳо дастрас мегарданд, агар хизматрасонии фармоиши чархбол тавассути АВИА Чартер истифода бурда шавад.

 

Афзалиятҳои истифодабарии замимаи АВИА Чартер

  • Ботезӣ ва қулайӣ.
  • Баъзаи васеъи чарҳболҳои аз ҳама беҳтарини истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳонӣ: Robinson, Sikorsky, Eurocopter, Bell, Ми 8, Agusta ва дигарон.
  • Имконияти мустақилона, бидуни кӯмаки маслиҳатдиҳанда, интихоб кардани мошинаи парравинтӣ аз рӯи нишондодҳои муқарраршуда. Навъро вобаста аз шумораи мусофирон дар канор, дарознокӣ ва баландии парвоз, хусусиятҳои маҳал, шароити обу ҳаво дар минтақаи омад, муайян кардан мумкин.
  • Эътимоднокӣ ва хислатҳои олиҷаноби техникии ҳамаи чархболҳо аз базаи мо. Ҳамаи хеликоптерҳо аз муоинаи ҳатмии давравии техникӣ мегузаранд ва, дар вуҷуди зарурият, таъмир карда мешаванд.
  • Фармоиш бо суръати ниҳоӣ – баъзан пешниҳоди киштии ҳавопаймоӣ, ҳатто, муддати се соат пас аз лаҳзаи истифода бурдани замима имконпазир мебошад. Баъд аз он, ки шумо навъи чархболро дар АВИАВ Чартер ишора мекунед, дар вақти қулайи нишондодаи шумо менеҷер ба шумо занг мезанад, то ки тафсилотҳоро аниқ кунад ва фармоишро тасдиқ намояд.
  • Хизматрасонии иҷораи чархбол аз офис, аз хона, аз отел – 24 соат дар шабонарӯз, бидуни рӯзҳои истироҳат, аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон.

До вертолета рукой подать

  • Замимаи фаҳмо ва аёнӣ, ҳатто, барои истифодабарандагони камтаҷриба. Ҳамаи тугмачаҳои виртуалӣ дар меню тариқи рамзҳои махсус такрор карда мешаванд. Маҳз, аз ин ҳисоб, ҳатто, барои кӯдак фармоиш додани чархболе, ки бешубҳа бозича не, балки аслӣ ва бехатар аст, осон мегардад.
  • Маълумот дар бораи шароити обу ҳаво дар минтақаи парвози эҳтимолӣ, ҷиҳати пешгӯӣ кардани саёҳати дарпешистода ва омода шудан ба ҳолатҳои бамиёномада – борони шадид, офтоби сӯзон, шамоли тез, имконият медиҳад. Ин далел барои он касоне, ки парвоз карданро ҳарос мекунанд, хеле муҳим мебошад. Ҳамаи моён хуб медонем, ки чархболҳо аз шароити обу ҳаво мутеъ мебошанд.

Иҷораи чархбол дар замимаи АВИА Чартер — дастуруламали муфассал

Ҷиҳати истифода бурдани афзалиятҳо ва маҷмӯъи пурраи хизматрасониҳои пешкашнамудаи авиатсияи муосир, зарур аст:

  1. Аз AppStore замимаи махсуси АВИА Чартер-ро аз брокери аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) нусхабардорӣ намоед.
  2. Дар меню забони дилписандаатонро интихоб кунед, то ки тариқи он гирифтан ва даровардани маълумот барои шумо қулай шавад.
  3. Санаҳоеро, ки дар онҳо шумо ба иҷораи чархбол рағбат доред, нишон диҳед.
  4. Мӯҳлатҳои хоҳишнамудаи иҷора ва маҳали саёҳати ҳавоӣ, минҷумла майдончаҳои оғози парвоз ва фурудоиро дароред.
  5. Маълумотҳоро барои интихоби хеликоптер ворид намоед, ки ба он шумо аз рӯи нишондодҳои муқарраршуда – қувваи болобардорӣ, шумораи мусофирон дар канор, давомнокии саёҳат, рағбат доред.
  6. Мақсади иҷораи чархболро нишон диҳед – саёҳат, трансфер, музокироти тиҷоратӣ дар канор, чорабинии тантанавор, фотоаксгирӣ.
  7. Маълумотҳои шахсии тамосиро гузоред ва занги ҷавобиро аз менеҷери баландихтисоси AVIAV TM интизор шавед. Мутахассиси мазкур дорои сатҳи баланди этикаи корӣ буда, тафсилоти фармоишро аниқ мекунад, онро пурра маҳфӣ медорад ва иҷораи хеликоптерро дар мӯҳлатҳои интихобшуда тасдиқ менамояд.
  8. Ба майдончаи парвозӣ дар рӯз ва соати муқарраршуда ҳозир шавед.

Барои аз ҳама ҳозиразамон

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL)

  • обрӯю эътибори хешро қадр ва эҳтиёт мекунад,
  • шартҳои созишро доимо иҷро менамояд,
  • танҳо технологияҳои аз ҳама муосирро истифода мекунад,
  • фақат бо таҳвилкунандагони санҷидашудаи хизматрасониҳо ҳамкорӣ менамояд,
  • дар тамоми ҷаҳон тамосҳои устуворро дорад,
  • парвозу фурудоии хеликоптерро, ҳатто, дар фурудгоҳҳо ва майдончаҳои ҳавоии дуртарину душворфатҳтарини тамоми сайёра ташкил карда метавонад. Масъалан, дар Куршевели 1850, ки дар он ҷо фурудоии ҳавопаймоҳои хусусӣ аз сабаби шароити обу ҳаво – шамолу аёнии нокифоя дар аксари вақт ғайриимкон мебошад.

Замимаи қулайи мобилии АВИА Чартер аз AVIAV TM махсусан барои мизоҷони афзалиятдори мо, ки одатан телефонҳои гарон ва хизматрасониҳои бехтаринро дар соҳаи авиатсия истифода мебаранд, таҳия ва бунёд карда шудааст.

Чархболро дар телефони мобилии хеш якҷоя бо AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора гиред!