Ҳуҷҷатҳо барои саёҳат тавассути ҳавопаймои хусусӣ

Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ, нисбат ба парвоз дар киштии ширкати ҳавопаймоии одатӣ – ин таҷрибаи тамоман дигар аст. Хизматрасониҳои Aviav TM (Cofrance SARL) махсусан барои қулайӣ ва бароҳатии мизоҷони мо таҳия карда шудаанд ва ҳамаи онҳо ҷиҳати он, ки саёҳат ниҳоятан босамара, босуръат ва гуворо гардад, бунёд дода шудаанд.

Авиатсияи тиҷоратӣ аз бароҳат тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва трансфер ба фурудгоҳ, проседураҳои сабуккардашудаи муҳоҷирӣ, имконияти интиқол додани бағоҷ ё ҳайвоноти боандоза дар канори ҳавопаймо иборат мебошад. Дар ин ҷо ҳамаи ҷавобҳои мо ба он саволҳое, ки мизоҷонамон дар аксари вақт ба мо медиҳанд, оварда шудаанд.

Дар лаҳзае, ки шумо дар бораи ҳамаи тафсилотҳои саёҳати хусусӣ тавассути ҷети тиҷоратӣ бохабар мешавед, барои шумо фақат аз парвози бенуқсон ҳузуру ҳаловат бурданро боқӣ мемонад.

 

Муддати кадом вақт ва фурудгоҳ ҳозир шудан лозим?

Агар шумо тавассути ҳавопаймои хусусӣ саёҳат кунед, чанд соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳ омадан лозим нест. Баъзе фурудгоҳҳо нисбат ба дигарҳояшон аз ҷиҳати ҷобаҷогузории сайёҳони тиҷораткор беҳтар таҷҳизотонида шудаанд. Саворшавии мусофирон аз 5 то 30 дақиқа тӯл мекашад (бо назардошти ҳамаи проседураҳои бехатарӣ).

Маслиҳатдиҳандаи шахсии шумо аз Aviav TM (Cofrance SARL) пеш аз парвоз дар бораи вақти дақиқеро, ки барои гузаштани расмиятҳо, вобаста аз фурудгоҳ ва рейси шумо, зарур мешавад, маълумот медиҳад.

Оё барои парвоз тавассути ҳавопаймои хусусӣ шиноснома зарур аст ё не?

Новобаста аз он, ки шумо тариқи ҷети шахсӣ, дар ҳавопаймои ширкати одатӣ, дар қатораи роҳи оҳан ё тавассути мошин саёҳат мекунед, қоидаҳои муҳоҷирӣ бетағӣир мемонанд.

Фаронсавиҳо, масъалан, бо шиносномаҳои миллии хеш дар ҳудуди минтақаи Шенген саёҳат карда метавонанд. Аммо, ба русҳо барои саёҳат ба Аврупо шиносномаи хориҷӣ ва раводид зарур мешаванд.

 

Оё барои саёҳат тавассути ҳавопаймои хусусӣ раводид лозим аст ё не?

Ба мисли ҳар рейси одатӣ, хеле муҳим аст, ки зимни банақшагирии саёҳати дарпешистодаи хеш тавассути ҳавопаймои хусусӣ, шумо ҳамаи расмиятҳои муҳоҷириро ба инобат гирифта бошед. Яке аз шартҳои воридшавӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷӣ – ин, дар вуҷуди чунин зарурият, гирифтани раводид мебошад.

Барои саёҳати бемонеаи худ бо мутахассисони Cofrance SARL оиди проседураҳои зарурӣ маслиҳат кунед.

 

Дар кадом вақт ба ман зарур аст, ки нусҳаи шиносномаи хешро нишон диҳам ё ирсол намоям?

Вақте, ки шумо рейсро тавассути ҳавопаймои хусусӣ фармоиш медиҳед, корманди Aviav TM (Cofrance SARL) аз шумо хоҳиш мекунад, ки нусхаи шиноснома (ё ҳар дигар шаҳодатномаи шахсии зарурбуда)-и ҳар як мусофирро то ба парвоз ирсол намоед. Ин амал ба Aviav TM ва оператори киштии ҳавопаймоӣ тартиб додани ведомости мусофириро имконият медиҳад. Ин ҳуҷҷате мебошад, ки аз тарафи хадамотҳои муҳоҷирӣ, экипаж ва терминал истифода бурда мешавад.

Барои рейсҳои дохилӣ дар Фаронса ва минтақаи Шенген вуҷуди ведомост имконият медиҳад, ки маълумоти муҳоҷирӣ пешакӣ фиристонида шуда, санҷишҳо дар фурудгоҳ пешгирӣ карда шаванд. Ин амал проседураҳои маъмуриро осон мегардонад ва вақти мусофиронро сарфа менамояд.

Новобаста аз ин, хеле муҳим аст, ки шумо зимни сафар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирии хешро бо худ дошта бошед, зеро политсия ва гумрук ҳар вақт аз шумо талаб карда метавонанд, ки дар фурудгоҳ дар рейсҳои байналмилалии ҳавопаймоҳои хусусӣ шаҳодатномаи шахсиро пешкаш намоед.

Ҳукумат аз шумо хоҳиш мекунад, ки дар фурудгоҳ дар рейсҳои байналмилалии ҳавопаймоҳои хусусӣ шаҳодатномаи шахсиро пешкаш намоед.

Оё бағоҷи маро аз санҷиши сканеркунонӣ ё рентгенӣ гузаронидан лозим аст ё не?

Ба мисли ҳар парвози одатӣ, бағоҷи шумо аз проседураи ташхиси рентгенӣ бояд гузаронида шавад. Аммо, ангарҳои калон ва навбатиҳои дарозро фаромӯш кунед. Дар ин ҷо проседураҳои бехатарӣ хиромону ҷиддан тез мебошанд. Терминалҳои тиҷоратӣ ба он хотир барпо дода шудаанд, ки саёҳат тавассути ҳавопаймои хусусӣ зудамал ва босамара гардад.

Баъзе фурудгоҳҳо, ҳатто, иҷозат медиҳанд, ки аз сканеркунонии бағоҷ шумо халос шавед. Масъалан, бандари ҳавоӣ дар Канн ба мусофироне, ки тавассути ҳавопаймоҳои вазнашон аз 15 тонн кам (ба мисли Citation XLS + ё Learjet 70) саёҳат мекунанд, бо шарте, агар парвоз дар дохили минтақаи шенгенӣ амалӣ карда мешавад, иҷозат медиҳад, ки ба киштиҳои ҳавопаймоии хеш, бидуни зарурияти гузаштан аз системаи бехатарӣ, ворид шаванд. Терминали Теркс ва Кайкос барои интиқол додани меҳмонон ва бағоҷ аз ҳавопаймо то ба пештахтаи назорати шиносномавӣ голф-автомобилҳои хурдтаракро пешниҳод мекунад.

 

Оё ба ман пешниҳод кардани чипта зарур аст ё не?

Барои тавассути ҳавопаймои хусусӣ парвоз кардан барои шумо чипта лозим нест.

Вақте, ки шумо ҳавопаймои хусусиро дар Aviav TM фармоиш медиҳед, шумо ҳавопайморо пурра ба иҷора мегиред, яъне, шумо дар канор ҷои муайянеро надоред. Бинобар ин, ба шумо чипта низ лозим нест. Ҳамаи он, ки ба шумо зарур аст – ин ба фурудгоҳ ҳозир шудан. Сарнишинони мо шуморо дар терминали шахсӣ пешвоз мегиранд ва бағоҷи шуморо то ба ҳавопаймо мушоиат мекунанд.

Дастаи мо тариқи почтаи электронӣ ба унвони шумо нақшаи парвозро бо тамоми тафсилотҳое, ки барои ташкил намудани саёҳати зарур мебошанд, минҷумла, хатсайр, ҷадвал, роҳ то ба фурудгоҳ ва, ҳатто, рақамҳои бақайдгирии ҳавопаймо ва номҳои сарнишинон, ирсол менамояд.

 

Оё ба саг ё гурбаи ман шиноснома зарур аст ё не?

Ба мисли одамон, хайвоноти хонагӣ низ шиносномаҳои хешро доранд!

Ҷиҳати бо шумо саёҳат кардан, «ҳамсӯҳбат»-и чорпояи шумо шиноснома ва китобчаи тиббиеро бояд дошта бошад, ки мӯҳлати амалии он дар рӯзи саёҳат эътибор дошта бошад.

Вале, дар баъзе кишварҳо шартҳои махсус ҷорӣ карда шудаанд. Масъалан, барои саёҳат ба Британияи Кабир, дастпарварди шумо аз касалии ҳорӣ бояд эм карда бошад.

Шумо боз савол доред? Дастаи Aviav TM доимо дар тамос қарор дорад, то ки ба шумо маслиҳат диҳад. Тариқи Интернет ё телефон бо мо алоқа кунед.

 

Барои шумо саёҳати гуворои ҳавоӣ ва хушҳолии ниҳоиро якҷоя бо Aviav TM (Cofrance SARL) таманно дорем!

 

 

AVIA APP