Вақти талафшуда дар фурудгоҳ ва роҳҳои доштани (ба даст овардан) дақиқаҳо “аз пушт”

Саёҳатҳои ҳавоӣ дар аксари вақт бо вақти гумшуда вобаста мебошанд. Шуморо зарур аст, ки чанд соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шавед, барои бақайдгирӣ ва тартиб додани бағоҷ дар навбат истед, аз назорати гумрукӣ гузаред ва, билохир, то ба эълон шудани саворшавӣ ба рейс интизор шавед.

Аммо, авиатсияи тиҷоратӣ ба мизоҷони хеш шартҳои тамоман дигарро пешкаш мекунад.

Новобаста аз он, ки бис ёриҳо ақида мекунанд, ки ҳавопаймоҳои хусусӣ – ин ҳамту бароҳатӣ ва ҳашамат аст, аксарият мизоҷони мо авиатсияи тиҷоратиро ба хотири сарфаи вақт ва саёҳати босамара интихоб менамоянд.

Як чанд ҷанбаҳо вуҷуд доранд, ки гум кардани вақтро дар фурудгоҳ маҷбур мегардонанд ва вариантҳои роҳҳои оптималие мавҷуданд, ки онҳоро авиатсияи тиҷоратӣ ҷиҳати пешгирии ҳаргуна андармониҳо пешкаш менамояд.

Навбатиҳо

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо ба мусофирон одатан тавсия медиҳанд, ки ду соат пеш аз парвоз ҳозир шаванд, вале сайёҳ аксаран вақте аз ин хеле зиёдро интизор мешавад (махсусан, дар рейсҳои дарозмасофат ё дар вуҷуди зарурияти ба қайд гирифтани бағоҷ).

Вақтеро, ки зимни санҷишҳои хадамоти бехатарӣ дар фурудгоҳ дар навбатӣ гузаронида мешавад, пешгӯӣ кардан мушкил аст. Дар баъзе ҳолатҳо интизор шудан лозим нест, лекин баъзан саёҳон маҷбур мешаванд, ки то як соатро гум кунанд. Ва, ҳатто, агар санҷиш ба итмом расида бошад ҳам, ба шумо боз зарур мешавад, ки дар назорати гумрукӣ дар навбатӣ истед ва дар терминал эълон шудани рақами баромад барои саворшавӣ ва вақти парвози рейсро интизор шавед.

 

  • Чӣ гуна авиатсияи тиҷоратӣ вақти шуморо сарфа менамояд?

 

Дар вақте, ки шумо тавассути ҳавопаймои хусусӣ саёҳат мекунед, шумо, ҳатто, дарк карда наметавонед, ки аз санҷиши бехатарӣ гузашта истодаед. Шуморо пас аз ҳозиршавӣ салом мегӯянд ва ронандаатон шуморо тариқи автомобил то ба ҳавопаймо ё терминали тиҷоратӣ мушоиат менамояд, ки дар он ҷо барои шумо будубоши ниҳоят бароҳат ва хизматрасонии босифат таъмин карда мешаванд. Умуман, дар Aviav TM (Cofrance SARL) мо ба сайёҳон тавсия медиҳем, ки 15 дақиқа пеш аз парвоз ҳозир шаванд.

Бурофуроӣ

На ҳамаи хатсайрҳои ҳавопаймоӣ дар сайёра аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо рейсҳои бевосита таъмин карда мешаванд. Баъзе фурудгоҳҳо барои истифода бурдани киштиҳои ҳавопаймоӣ хеле хурд ё маҳдуд мебошанд. Аз ин сабаб, ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксаран рейсҳоро ба шаҳрҳои нисбатан калон иҷро намуда, ба мизоҷони хеш рейсҳои пайвастаро пешниҳод мекунанд. Чунин ҳолат махсусан ба самтҳои машҳурнабуда тааллуқ дорад. Барои бурофуроӣ ва саворшавӣ ба дигар рейс дар аксари вақт транзит аз миёни шаҳр зарур мешавад, ки ин далел вақти сафарро зиёд мегардонад.Баъзан санҷишҳои бехатарӣ ва гумрукиро такроран гузаштан зарур мешавад ва баъзан рейсҳо чанд соат дер парвоз мекунанд.

  • Чӣ гуна авиатсияи тиҷоратӣ вақти шуморо сарфа менамояд?

Яке аз афзалиятҳои калонтарини рейси хусусӣ – ин персонализатсиякунонии пурраи он мебошад. Шумо навъи ҷети тиҷоратӣ, вақти парвоз ва хатсайрро интихоб мекунед. Баъзе ҳавопаймоҳо, ки нисбат ба киштиҳои ҳавопаймоӣ хурдтар мебошанд, дар фурудгоҳҳои хурд ё, ҳатто, аэродромҳое, ки ба ҷои таъиншуда наздиктар мебошанд, фурудоӣ карда метавонанд.

Роҳ ба фурудгоҳ

Дар аксари шаҳрҳои калон фурудгоҳи хеш вуҷуд дорад ва ҳукуматҳои маҳалӣ ҷиҳати осон гардонидани дастрасӣ ба бандари ҳавоӣ кӯшиши зиёдро ба харҷ медиҳанд. Аммо, трансфер аз нуқтаи рафт то ба фурудгоҳ баъзан қисми назарраси сафар мешавад.

Баъзе фурудгоҳҳо аз шаҳр хеле дур қарор доранд, вале аксарият ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати интихоби фурудгоҳи оғози парвоз (дар вуҷуди чанд фурудгоҳҳо дар як шаҳр) имконият намедиҳанд. Ҳаракат тариқи роҳ низ хеле муҳим шуда метавонад, зеро дар баъзе ҳолатҳо вуҷуди тиққаҳои автомобилиро пешгӯӣ кардан хеле душвор мебошад – ин далел ҳам боиси гумшавии вақт мегардад.

 

  • Чӣ гуна авиатсияи тиҷоратӣ вақти шуморо сарфа менамояд?

Баъзан фурудгоҳҳои тиҷоратӣ ба маркази шаҳр наздиктар ҷойгир мебошанд. Масъалан, ин ба Ню-Йорк Тетерборо, ки танҳо 19 км дур аз Манхэттен, ва фурудгоҳи JFK, ки 2 км дур мавқеъ гирифтаанд, тааллуқ дорад. Аксаран фурудгоҳҳои алпавӣ низ танҳо тавассути ҳавопаймои хусусӣ дастрас мебошанд, масъалан, Шамбери, Сион, Самедан-Санкт-Моритс ё Валле-д’Аоста. Зимни мавсими лижаронӣ бисёр сайёҳон, баривази сафари автомобилӣ тариқи роҳҳои кӯҳистонӣ, ба болои нишебиҳо фурудоӣ карданро авлотар мешуморанд.

Ва, ҳатто, агар фурудгоҳи тиҷоратӣ дур аз шаҳр мавқеъ гирифта бошад ҳам, имконияти пешгирии парвозу фурудоӣ аз/ба бандарҳои калони ҳавопаймоӣ, ҷиҳати халосшавӣ аз трафике, ки вобаста аз мавсими сол баланд шуда метавонад, мусоидат мекунад.

Новобаста аз хатсайр ё маҳдудиятҳо доир ба саёҳати шумо, мутахассисони AviavTM (Cofrance SARL) ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки барои оптимизатсиякунонии парвоз, кадом фурудгоҳ истифода бурда шавад ва шартҳои иҷораи ҷети тиҷоратии шахсиро ба таври муфассал шарҳ медиҳанд.

 

Ҷиҳати он, ки дар бораи авиатсияи тиҷоратӣ маълумоти зиёдтарро гиред ва нархномаи персоналиро қабул намоед, тариқи Интернет ё телефон бо мо алоқа кунед.

 

Зимни саёҳат вақти хешро якҷоя бо Aviav TM (Cofrance SARL) сарфа намоед!

 

AVIA APP