Чанд вақт пеш ҳавопаймои хусусиро брон кардан лозим

Бронкунӣ дар дақиқаи охирин яке аз афзалиятҳои асосии авиатсияи хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Аксарият дархостҳо ба Aviav TM (Cofrance SARL) 24 соат ё ҳато як соат пеш аз вақти эҳтимолии парвоз ворид мегарданд.

Таъҷилӣ ва мӯҳлатҳои маҳдудшудаи мазкур дар аксар вақтҳо сабаби онро доранд, ки ба мизоҷ зарур аст, ки варианти алтернативии парвозро пайдо намояд, зеро рейси мунтазамии ӯ мавқуф гузошта шудааст. Вале, дар бисёр ҳолатҳо, мизоҷон ҷетҳои тиҷоратиро аз сабаби зарурияти чӣ қадар бошад тезтар парвоз кардан ба иҷора мегиранд.

Лекин, барои Aviav TM чунин таъҷилнокӣ мушкилӣ нест, мо фармоишҳои таъҷилии фавқулоддаро ҳавас мекунем ва ҷиҳати коркарди онҳо қобилият дорем, дар зимни ин кулли талаботҳои мизоҷони моро – аз таҳлияи тиббӣ то ба нӯшокиҳои писандида дар канор амалӣ мегардонем.

Базаи васеъи киштиҳои ҳавопаймоии аккредидатсияшудаи мо дар тамоми ҷаҳон дастрасии киштии ҳавопаймоиро дар ҳар вақт (ба истиснои рӯйдодҳои фавқулодда ба мисли Бозиҳои олимпӣ ё Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол) кафолат медиҳад.

Дастаи экспертони мо ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад ва технологияҳои муосир бо тезӣ брон кардани рейсро имконият медиҳанд.

Эҳтимолан, шумо савол пайдо мекунед, ки чӣ тавр мо ҳавопайморо ин қадар тез киро карда метавонем? Бо мақсади тасвир додани тарзи кору фаъолияти мо, як фармоиши парвози хусусиро дар дақиқаи охирин мисол меоварем, ки пас аз он дар бораи шакли мазкури бронкунӣ саволу ҷавоб оварда мешаванд.

Ҳолат

  • Мизоҷе, ки дар Ибитса қарор дошт, тавассути замимаи AVIA Чартер барои iPhone оиди рейс ба тарафи Лондон ба мо дархости таъҷилӣ кард.
  • Мушовирони тахассуси мо муддати як дақиқа ба мизоҷ занг заданд, то ки дархости ӯро тасдиқ намоянд.
  • Ба воситаи барномавии мо зарур гардид, ки ҳавопаймои муносиберо, ки ё аллакай дар таваққуфгоҳи фурудгоҳ қарор дорад, ё қариб дар бандари наздиктарини ҳавопаймоӣ фурудоӣ меоварад, идентификатсия кунад.
  • Мизоҷи мо, ки тавассути замимаи мобилӣ ба системаи бронкунӣ пайваст шуда буд, ҳамчунин имконият дошт, ки ҳавопаймои муносибтаринро барои хатсайри дархостнамудааш бо ихтиёри худ интихоб намояд.
  • Мизоҷ дар бораи иҷораи ҷети тиҷоратӣ тасдиқномаро қабул кард. Пас аз ин мо ба ӯ варианти қулайи трансферро ба фурудгоҳ – тавассути автомобили бароҳат ё тариқи чархболе, ки ӯро бевосита ба терминали тиҷоратии фурудгоҳи Ибитса интиқол дода метавонист, пешниҳод мекунем.
  • Дар ҳолати конкретӣ шаш ҳавопаймо дастрас гаштаанд, ки дар бораи онҳо муддати 10 дақиқа (нисбати баъзеҳояшон муддати танҳо чанд сония) ба мизоҷ пешниҳодҳои марбута ирсол карда шудаанд.
  • Мизоҷ ҳавопаймоеро, ки аз ҷиҳати таносубии нарху сифат варианти беҳтарин буд: Citation Mustang, интихоб намуд. Ҳавопаймои мазкур рейси хусусиро аз Нитса иҷро мекард ва дар вақти наздик дар Ибитса бояд фурудоӣ меовард.
  • Мизоҷ аз отел берун набаромада тариқи онлайн бронро тасдиқ ва пардохт намуд.
  • Аз баски он, ки мусофир қаблан аз хизматрасониҳои Aviav TM (Cofrance SARL) истифода бурда буд, рақами шиносномаи ӯ дар базаи мо алақай вуҷуд дошт ва он барои бақайдгирии пешакӣ ба хадамотҳои бехатарӣ ва муҳоҷирии фурудгоҳ бо мақсади сарфи вақти мизоҷи мо пас аз воридшавӣ супорида шудааст.
  • Мизоҷ тариқи онлайн тамосҳои экипажро қабул намуд.
  • Хавопаймо дар Ибитса ба замин фаромад. Сарнишин ба толори хусусии фурудгоҳ ҳаракат кард, то ки мизоҷро пешвоз гирад ва киштии ҳавопаймоӣ, бошад, ба парвози дарпешистода тайёр шуда истодааст.
  • Нақшаи парвоз бо EuroControl-е, ки вақти парвозро дар нисфирӯзии маҳалӣ муқаррар намудааст, мувофиқат карда шуд.
  • Автомобили эксклюзивӣ мизоҷи моро бевосита то ба нардбони ҳавопаймо интиқол медиҳад.
  • Пас аз санҷишҳои ниҳоии зарурӣ ҳавопаймо барои парвоз омода мегардад.
  • Расо дар вақти муқарраршуда — дар нисфи рӯз ҷети тиҷоратӣ бо мизоҷи розишудаи мо дар канор аз Ибитса парвоз карда ба тарафи фурудгоҳи Лондон – Лутон равона мешавад.
  • Аз Aviav TM бо оператори маҳалии хизматрасонии фурудгоҳ алоқа карданд ва барои пешвози мусофири мо пас аз фурудоӣ автомобилро фармоиш медиҳанд.
  • Ҳавопаймои хусусӣ дар Лутони Лондон дар соати 13:25 маҳалӣ ба замин мефарояд. Фармоишгар фурудгоҳи мазкурро ба хотири иштирок кардан дар чорабиние, ки дар шимоли пойтахти британӣ ташкил карда мешавад, интихоб намудааст
  • Мусофир фурудгоҳро тариқи автомобил аллакай 5 дақиқа пас аз фурудоӣ тарк менамояд.

 

Саволҳои аксаран додашаванда — ҳавопаймои хусусӣ муддати чанд дақиқа

 

Чӣ қадар пешакӣ ман ҳавопаймои хусусиро бояд брон кунам?

Парвоз ҳамагӣ муддати як соат (мисоли моро нигоҳ кунед) ташкил шуда метавонад. Вале рекорди ҷории мо ҳамагӣ 43 дақиқаро ташкил медиҳад. Технологияи компутерие, ки аз ҷониби Aviav TM истифода карда мешавад, ҷиҳати идентификатсияи ҳавопаймои холии вуҷуддошта ва брон кардани он дар вақти наздиктарин бо нархи беҳтарин кӯмак мерасонад. Ин далел, ҳамчунин, пас аз тасдиқи бронкунӣ расмиятҳоро осон мегардонад.

Оё зимни бронкунӣ дар дақиқаи охирин таоми канориро интизор шудан мумкин ё не?

Кейтерингро доимо илова кардан ва хоҳишҳои дақиқи шуморо ба инобат гирифтан мумкин, аммо, ин вақти бариловаро эҳтимолан талаб мекунад, ки сарфи онро шумо шояд авло мешуморидед. Аммо, қариб ҳама вақт хӯришу нӯшокиҳо дар ҳавопаймоҳои хусусие, ки бо соҳибони онҳо мо ҳамкорӣ дорем, дастрас мебошанд.

Чаро шиносномаҳоро месанҷанд?

Санҷиши мазкур аз рӯи талаботи бехатарӣ зарур буда, дар баробари ин ҷиҳати тезонидани расмиятҳои муҳоҷирӣ манфиатбахш аст.

Рейси ман дар хатсайри ҳавопаймоии мунтазамӣ бекор карда шуд, ман ҳавопаймои хусусиро брон кардам. Ҷиҳати пайдо намудани ҳавопаймои худ, ман ба куҷо бояд биравам?

Дастаи мо ба шумо барои дастрасӣ ба FBO (терминали хусусии авиатсионӣ), ки аз он ҷо ҳавопаймои шумо бояд парвоз кунад, тамоми иттилооти заруриро пешкаш менамояд. Агар фурудгоҳ калон бошад, байни терминали асосӣ ва қитъаи саворшавие, ки барои авиатсияи хусусӣ ҷудо карда шудааст, трансферро ташкил кардан мумкин.

Оё ман парвозро тариқи интиқоли бонкӣ дар дақиқаи охирин пардохт карда метавонам ё не?

Бидуни ягон мушкилӣ. Мо ба сифати кафолат рақами корти кредитиро барои бронкунӣ талаб мекунем, вале пас аз ин шумо тарзи дигари пардохтро интихоб карда метавонед.

Дар бораи экипаж ман кадом вақт иттилоот мегирам?

Якбора пас аз он, ки бронкунии хешро тасдиқ менамоед. Одатан экипажҳо дар ҷой ё дар наздикӣ аз фурудгоҳи шумо интизор мешаванд ва маълумотҳои онҳо пеш аз парвоз ба таври автоматикӣ супорида мешаванд. Сарнишинатон шуморо дар фурудгоҳ пеш аз парвоз пешвоз мегирад.

Агар ҳавопаймои холӣ пайдо шавад, кай парвоз кардан мумкин?

Ҳамаи парвозҳо аз ҷониби мақомотҳои идораи ҳаракати ҳавопаймоӣ бояд тасдиқ карда шаванд, ки аз ин далел фаҳмида мешавад, ки чаро баъзе рейсҳо муддати чанд дақиқа барои парвоз омода мегарданд, вале дигарҳояш ҷудо кардани ҷойро барои онҳо маҷбур шуда интизор мешаванд.

Аз баски хатҳои парвозу фурудоии фурудгоҳҳои хурд, одатан, сарбории камтарро доранд ва ҷойҳои онҳо барои фурудоӣ ва парвоз на он қадар маҳдуд мебошанд, ҷадвали онҳоро ҳамоҳанг сохтан осонтар аст.

Ҷиҳати брон кардани рейс, бо дастаи экспертони авиатсионии мо тариқи телефон ё почтаи электронӣ алоқа кунед.

Бо Aviav TM (Cofrance SARL) якҷоя бо суръати баланд саёҳат кунед!

 

AVIA APP